Кишваре, ки генерал надорад (мусоҳиба бо Олег Панфилов)

Мусоҳиб: Муҳибуллоҳи Қурбон

Дирӯз рӯзноманигори шинохта, шаҳрванди Тоҷикистон Олег Панфилов, ки ҳоло дар Гурҷистон зиндагӣ мекунад ва дар телевизиони русизабони «ПИК»-и Ҷумҳурии Гурҷистон ба сифати барандаи барномаи сиёсӣ фаъолият дорад, ба Душанбе омада буд.

Олег Валентинович Панфилов зодаи шаҳри Хуҷанд, хатмкардаи Донишгоҳи педагогии Хуҷанд ва профессори Донишгоҳи давлатии миллӣ дар Тифлис, Гурҷистон аст, аммо фаъолияти кориашро дар Ватан оғоз карда, солҳои зиёд дар бахши мардумшиносӣ дар Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият доштааст. Яе аз асосгузорони шабакаи телевизионии «ПИК» барои русзабонҳои кишварҳои ҳамсуд мебошад. Муаллифи бештар аз 2000 мақола, нависандаи сенария барои ҳашт филм ва муассиси боз якчанд созмонҳо дар Гурҷистон мебошад.

Корманди (nahzat.tj) бо ӯ мусоҳибаи зеринро оростааст, ки онро ба Шумо тақдим мекунем.

– Мӯҳтарам Олег, пеш аз ҳама, хуш омадед ба Ватан. Бигӯед, ки аз он Душанбе, ки шумо чанд сол пеш дар ёд доред, чӣ дигаргуние дидед?

– Дар шаҳр чеҳраҳои ношинос зиёд шудааст. Боиси афсӯс аст, ки ҳамон раванде, ки дар дигар кишварҳои пасошӯравӣ мушоҳида мешавад, дар Тоҷикистон ҳам чунин аст; мардуми бисёр аз деҳоти дуру наздик ба шаҳр рехтаанд. Ҳамчунин фарқият байни мардуми доро ва камбизоат хеле чашмрас гардидааст. Як тараф мошинҳои хеле гаронбаҳо, аз дигар тараф талбандаҳо ва мардуми нодор низ афзудаанд.

Ин пагоҳӣ мо тарафи ноҳияи Ваҳдат рафтем. Ҳамкорони гурҷии ман ба шумурдани суратҳои Президент Раҳмон, ки сари роҳ овехтаанд ё часпондаанд, машғул буданд. Дар воқеъ, чанд сол пеш ин гуна раванди шахспарастӣ дар Тоҷикистон камтар ба чашм мехӯрд. Ҳамкорони ман дар ҳайрат афтода, аз ман мепурсиданд, ки чаро аксҳои Президент зиёданд, зеро дар Гурҷистон ақаллан як сурати Саакашвилиро наовехтаанд. Ҳатто дар идораҳои давлативу вазоратхонаҳо ҳам акси Президентро намеовезанд.

– Ман ҳаминро илова мекунам, ки аз аввалин фармонҳои Президенти тозаинтихобшудаи Миср Муҳаммад Мурсӣ низ ҳамин буд, ки сураташ дар ягон хиёбон ё дафтар овехта нашавад ва касе аз ин фармон таҷовуз мекунад, албатта, муҷозот мегардад. Хуб, агар ба мавзӯъ баргардем, чӣ чизи хуб ё мусбат дар Ватан мушоҳида шуд?

– Сохтмони биноҳои нав дар назари ман намуд, аммо дар бораи сифати онҳо чизи хубе гуфта наметавонам. Вақте сохтмон ҳаст, маълум ки пешравие ҳаст.

– Олег, чӣ сабаби асосӣ шуда, ки солҳои зиёд дар Русия мезистед, муассис ва роҳбари созмони баобрӯи ғайридавлатӣ дар Маскав будед ва якбора ба Гурҷистон куч бастед?

– Яке аз сабабҳояш он аст, ки ман зодаи кишвари кӯҳсорам, Гурҷистон ва Тоҷикистонамро ба ёд меорад; кӯҳҳои осмонбус, манзараҳои монанд ва аз ҳама муҳимаш, мардуми гурҷӣ мисли тоҷикон хеле зиндадил ва меҳмоннавоз ҳастанд. Бинобар ин, ман дар Гурҷистон худро он қадар сахт мусофир ҳис намекунам.

Инро ҳам бояд гуфт, ки 15 ҳиссаи забони гурҷӣ ин форсӣ аст. Бар замми ин, Гурҷистон кишвари мардуми ботаҳаммул аст. Масалан, дар як кӯча масҷиди ҷомеъи мусалмонон бошад ва дар кӯчаи паҳлуи он ибодатгоҳи масеҳиён аст. Як чизро бояд гӯям, чи тавре ки ҳар замон дар матбуоти Русия менависанд, ки гурҷиҳо русҳоро бад мебинанд, нодуруст аст. Масалан, вазири маорифи Гурҷистон Дмитрий Шашкини рус мебошад.

Даҳ сол пеш бори нахуст ман ба Гурҷистон омадам ва ин диёрро дӯст доштам, зеро чӣ тавре гуфтам, ба Тоҷикистон монанд аст.

Омилҳои тарки Русия бисёранд. Русҳое, ки берун аз Русия таваллуд шудаанд, фарҳанги мутафовит бо русҳои дохилии Русия доранд. Масалан, барои ман бо фарҳанги тоҷикӣ дар Русия зистан мушкил буд. Ҳарчанд 17 сол дар Маскав зистам, натавонистам ба зиндагӣ дар ин шаҳр мутобиқ шавам, шояд аз ҳамин сабаб ҳатто барои гирифтани шаҳрвандии Русия накӯшидам.

Ман ҳамеша ифтихор дорам, ки шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳастам . Сабаб ё омили дигари тарки Русия дар он буд, ки Гурҷистон давлати демократӣ бо тамоми маънояш аст. Он фишору таъқибҳое, ки режими Путин дар ҳаққи озодандешон раво мебинад, дар Гурҷистон нест.

– Гуфтед, ки Гурҷистон кишвари демократист ва барои исботи гуфтаи худ, метавонед, чанд мисол занед?

– Чаро не. Вақте Саакашвили ва ҳамақидаҳояш ба сари ҳокимият омаданд, аввалин мақсади онҳо барҳам додани ришва дар ҳама соҳаҳо, махсусан дар вазоратҳои қудратӣ буд ва онҳо ба ин чиз муваффақ шуданд. Якбора қариб 40 ҳазор кормандони Вазорати дохиларо аз кор ҷавоб доданд.

Бо ин ихтисори бузург, полиси навро ба кор гирифтанд ва БДА ё ГАИ-ро тамоман барҳам доданд. Имрӯз як бахши он бо номи Патрули роҳ рисолати БДА-ро пурра иҷро мекунад. Барои он ки полис ришва наситонад, моҳонаи ӯро назар ба маоши дигарон чандин бор баландтар карданд.

Имрӯз агар полис қоидаеро вайрон кунад, ҷаримаи ӯ назар ба ҷаримаи дигар табақаҳои ҷамъият панҷ баробар зиёд аст. Мабодо полиси қоидаро вайрон карда ҳуҷҷат нишон диҳад, ки ӯ намояндаи полис аст, пас ӯро умуман аз кор маҳрум мекунанд. Ва ё дар ҳар шӯъбаи полис тарозу ҳаст ва ҳар корманд бояд вазни худро ҳамеша зери назорат гирад. Агар вазнаш зиёд шавад, ҳатман ба варзишоҳ меравад, вагарна моҳонааш кам мешавад. Шояд барои ҳамин мувофиқи назарсанҷиҳо имрӯз мардуми ин сарзамин аввал ба роҳбарони дин эътимод мекунанд ва дувум ба полис, ки боварии мардум ба онҳо 84 % аст.

– Он чизе, ки ман медонам, имрӯз Гурҷистон он қадар кишвари сарватманду пешрафта аз ҷиҳати иқтисодӣ нест. Шумо мегӯед, ки моҳонаи полисро якчанд баробар зиёд карданд. Пулро аз куҷо ёфтанд?

– Ин сохтор аз мадади кишварҳои ғарбӣ фаъолият дорад. Тавассути бисёр бурсҳову лоиҳаҳо ин мамолик ба Гурҷистон мадади молиявӣ мерасонанд.

– Боз кадом иқдомҳои Саакашвили ва тимаш писанди мардум буду ҳаст?

– Дигар коре, ки карданд, ин ихтисори вазоратҳо ва кормандони онҳо буд. Панҷ баробар кормандони вазоратҳо кам шуд.

Аз ҳама муҳим кадрҳои ҷавон ба мансабҳои баланд ҷалб шуданд. Имрӯз дар Гурҷистон ҳисоби миёнаи синни вазирон 34 сол аст. Масалан, вазири дифоъ 29 сол дорад.

Боз як чизи шояд барои ту аҷиб бошад. Дар Гурҷистон ақаллан ЯК генерал ҳам нест, аммо дар Тоҷикистон аз рӯйи гуфтаи баъзеҳо генералҳои соҳаи суду прокуратураро ба ҳисоб гирем, шумораи онҳо аз 200 мегузарад. Бигузор ин воҳима бошад, лекин ман бовар дорам, камаш 50 генерал ҳаст ва ҳар яки инҳо дар маошҳои калон нишастаанд ва нафақаашонро намегӯӣ.

– Дирӯз аз телевизион донистам, ки Гурҷистон аз рӯйи ҷалби сайёҳон ва хизматрасонӣ ба онҳо дар ҷаҳон ҷойи аввалро гирифтааст, аммо бовар накардам, зеро даҳҳо кишварҳое ҳастанд, ки даромадашон ва зисту зиндагиашон бе туризм қариб маъно надорад.

– Бале, ин дуруст аст, зеро Гурҷистон барои сайёҳ ҳамаи шароитҳоро муҳайё кардаасту мекунад. Масалан, шаҳрванди хориҷӣ дар фурудгоҳ барои гузаштан 10 – 20 дақиқа вақт сарф мекунад, вале дар фурудгоҳи Душанбе мо нигоҳҳои тамаъкорона ва ҳарисонаи ходимони он шарм доштем ва зиёда аз соат тафтишу бағочгирӣ идома кард.

Дар Гурҷистон шумораи сайёҳон танҳо аз Русия назар ба соли пеш 98 % афзудааст. Чаро? Пеш аз ҳама барои он ки Гурҷистон яктарафа барои русҳо раводидро барҳам дод. Яъне, агар гурҷӣ ба Русия рафтан хоҳад, бояд раводид бигирад, аммо русҳо беягон раводид танҳо чипта мехаранд ва ба кишвар ворид мешаванд.

– Дар Гурҷистон бисёр коғазбозӣ ва саддҳои сунъӣ, ки барои ба қайд гирифтани ин ё он ҳизб, нашрия ва ғайра сабук ва ё бардошта шудаанд. Оё ин рост аст?

– Тасаввур кун; барои сабтиноми ҳизб то ним соат вақт меравад.

– Афсона намегӯед?

– Чаро афсона? Воқеият чунин аст. Аз сабаби осонӣ дар Гурҷистон бештар аз 300 ҳизби сиёсӣ номнавис шудааст, ҳол он ки аҳолии мамлакат каме зиёдтар аз 4 миллион мебошад. Барои ба қайд гирифтани Созмони ғайридавлатӣ то 10 дақиқа вақт сарф мешавад.

Шаҳрванди Гурҷистон барои гирифтани паспорт ду соат вақт сарф мекунад. Ба наздикӣ боз як намуди хизматрасонӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Агар паспортро дар хона гирифтан хоҳед, тавассути интернет ба намояндаи он ширкати хизматрасонӣ муроҷиат мекунед, онҳо омада, сурат ва пайи ангушти шуморо гирифта, пас аз як рӯз бароятон паспортро ба хонаатон меоранд.

Ман аз фурсат истифода бурда тоҷирони тоҷикро ба як соҳаи нав дар Гурҷистон даъват мекунам. Ба маълумоти шумо мерасонам, ки имрӯз яке аз роҳҳои пур кардани буҷаи давлат ин содироти такрории автомобил мебошад., Яъне, Гурҷистон аз кишварҳои аврупоӣ автомобил ворид мекунад ва онро ба дигарон мефурӯшад ва барои ба қайд мондан ва баровардани автомобил дар гумрук танҳо 15 дақиқа вақт сарф мешавад.

– Чӣ сабаб аст, ки Саакашвили дар интихоботҳо пирӯз мешавад? Ҳарчанд мухолифини зиёд доранд ва онҳо мекӯшанд ва ҷойи пинҳон ҳам нест, ки Русия мухолифони Саакашвилиро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ мекунад.

– Мардуми гурҷӣ озодидӯст аст ва Президент ин озодии онҳоро таъмин ва ҳимоя мекунад. Масалан, Президент бо се мошин аз хиёбону кӯчаҳо мегузарад, вале боре нашудааст, ки роҳро барои гузаштани ӯ баста бошанд. Хулоса, имрӯз ӯ интихобкардаи гурҷиҳо мебошад.