Чӣ гуна Додситони кулл хонаи журналистро забт кард

Рӯзноманигор ва нависандаи шинохта Олег Панфилов мегӯяд яке аз ду хонаи ғасбшудаи ӯ дар Душанберо шахси додситони кулли имрӯзаи Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ғасб кардааст. Панфилов соли 1992 аз Тоҷикистон хориҷ шуда, ҳоло дар Гурҷистон ба сар мебарад,

Тибқи гуфтаи ӯ як хонаашро баробари рафтанаш аз Тоҷикистон, дар ҳамон соли 1992 ғасб карданд. Ӯ он замон дар хабаргузории амрикоии Аssociated Рress кор мекард. Хонаи дигарашро, ки дар маркази Душанбе, кӯчаи Пушкин хонаи 6 ҳуҷраи 24 қарор дошт, соли 1997 шахси Юсуф Раҳмон азхуд кардааст. То он замон хонаро ҳамсояаш – генерал Ниёзов нигоҳубин мекардааст.

Бо истинод ба вакили дифоъаш, Олег Панфилов мегӯяд. ки Юсуф Раҳмон, ки он вақт дар додситонии ҳарбӣ кор мекард, аз он хона барои вохӯрӣ бо маъшуқаҳояш истифода мекард ва гоҳе дар ихтиёри дӯстонаш ҳам мегузошт. Баъдан онро ба нафари дигар мефурӯшад.

Соли 2002 Панфилов барои баргардонидани хонаҳояш вакили дифоъ киро мекунад, аммо ӯро метарсонанд ва вакил аз идомаи бурдани кори рӯзноманигор даст мекашад. Баъди он вакили дифоъ аз вохӯрӣ бо Панфилов худдорӣ мекунад ва тамоми ҳуҷҷатҳои ин ду хона ҳам дар дасти ӯ боқӣ мемонанд.

Ин рӯзноманигори шинохта мегӯяд дилаш ба хонаҳояш намесӯзад, вале бойгоние, дар хонаи якҳуҷрагиаш дошт бебаҳо буд. Дар он ҳудуди 10 000 китоб, ки байнашон китобҳои қадимӣ ҳам зиёд буданд, дастнависи китобҳои оғозкардааш, маводҳои экспедитсяи ба Яғноб дар се сол ва аксҳои зиёде сар аз охири асри 19 вуҷуд доштанд.

Дертар, аниқтараш дар соли 2004, Панфилов ба раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон муроҷиъат мекунад. Аризаи ӯ бо забони русӣ буда, матни тоҷикиаш ба шакли зер аст:

“Мӯҳтарам Эмомалӣ Шарипович!

Дар вохӯрӣ бо Шумо дар сентябри соли 2001 ман иттилоъ додам, ки ду хонаи ман ғасб шудааст ва наметавонам онҳоро баргардонам. Аз он замон вазъ тағйир наёфтааст, ҳарчанд ду сол қабл ман вакили дифоъро (номи вакили дифоъ бо хоҳиши Панфилов ҳазф шуд) даъват кардам, то ба барқарорсозии ҳуқуқи ман барои ин хонаҳо машғул шавад. Ман ҳамчунин наметавонам шиносномаи шаҳрвандӣ гирам, чун дар ҳуҷҷатҳои бахши шиносномадиҳӣ номи дигар вуҷуд надорад.

Чуноне, ки шумо эҳтимолан медонед, ман ҳаргиз аз шаҳрвандии Тоҷикистон даст накашидаам ва шаҳрвандии кишвари дигареро қабул накардаам, чун вазифаи худ медонам, ки алоқаам бо Ватанамро на танҳо дар кори ҳаррӯзаи худ, балки шаҳрванди Тоҷикистон будан бояд ҳифз кунам. То ин замон ман танҳо шиносномаи хидматии хориҷӣ дорам, ки ба ман иҷоза медиҳад корамро анҷом диҳам, аз ҷумла чун коршиноси Идораи намояндагии САҲА оид ба озодии ВАО.

Маълум гардид хонаи аввали ман, воқеъ дар гардиши 1-уми кӯчаи Бинокорон, хонаи 6 ҳуҷраи 11, сар аз соли 1993 чанд маротиба хариду фурӯш шудааст ва барои баргардонидани он қарори додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур (додрас Раҷабалӣ Шарипов) лозим аст. Аммо то ҳанӯз мурофиъаи додгоҳӣ таъин нашудааст ва маълум нест кай баргузор мегардад. Бо баҳонаҳои гуногун мурофиъа анд бор ба таъхир гузошта шудааст.

Хонаи дуввум дар нишонии кӯчаи Пушкин, хонаи 6, ҳуҷраи 24 дар соли 1997 аз тарафи Юсуф Раҳмонов, ки ҳоло Сардодситони ҳарбии Тоҷикистон аст ишғол карда шуд. Ӯ бо вакили ман вохӯрда гуфтааст, ки хонаро харида сипас ба каси дигар фурӯхта буд. Дар ҳоли ҳозир дар бойгонии МБТИ ҳеҷ ҳуҷҷате аз ин хона вуҷуд надорад ва тибқи мактуби додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ин ҳуҷҷатҳо мусодира шудаанд. То ҳол на ман ва на вакили дифоъи ман намедонем бо кадом ҳадаф ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи ман ба ин хона дар додситонӣ қарор доранд.

Юсуф Рахмонов ҳамкорӣ барои озод кардани хонаи маро қатъиян рад мекунад, новобаста аз муроҷиати вазири умури хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров ба Додситонии кулл.

Хоҳиш мекунам дар ҳалли ин мушкил дахолат намоед

Олег Панфилов”

Посухи ин мактубашро Панфилов дарёфт накардааст.

Гуфтугӯ бо Панфилов дар ин бораро шоми имрӯз дар барномаи таҳлилию хабарии “Паёмнюз” бубинед.

https://payom.net/%D0%BE%D0%BB%D0%B5%D0%B3-%D0%BF%D0%B0%D0%BD%D1%84%D0%B8%D0%BB%D0%BE%D0%B2-%D1%85%D0%BE%D0%BD%D0%B0%D0%B8-%D0%BC%D0%B0%D1%80%D0%BE-%D0%B4%D0%B0%D1%80-%D0%B4%D1%83%D1%88%D0%B0%D0%BD%D0%B1%D0%B5-%D1%88/?fbclid=IwAR3bK3LDb13OHIg8bmnmTxHW8ffoz2MCUsdAnsp-IIbGPyusubNO1lv7L_4